Конфронси-онлайнӣ

Бӯҳрони ҷаҳонӣ
Олмон
Вақти амал кардан расидааст

Одамон барои ояндаи бехатар муттаҳид мешаванд

18 марти соли 2023 15:00 GMT

Видеои конфронсҳо

Global Crisis. Germany. Time to Act | Online Conference, March 18, 2023
Забони пахши мустақимро интихоб кунед:
Akan
العربية
Български
বাংলা
བོད་སྐད་
Bosanski jezik
سۆرانی
Čeština
Dansk
Deutsch
Ελληνικά
English
Esperanto
Español
Eesti keel
فارسی | دری
Suomi
Français
Gagauz dili
Avañe'ẽ (Guaraní)
Hrvatski
Magyar
Հայերեն
Usem Ibibio
Italiano
ქართული
Қазақша
ភាសាខ្មែរ
한국어
Oluganda
Lietuviškai
Latviešu
Македонски
ဗမာစာ
Nederlands
Norsk
Chicheŵa
ਪੰਜਾਬੀ
Polski
دری
Português
Ikirundi
Română
Русский
Slovenčina
Slovenščina
Српски
SeSotho
Svenska
Kiswahili
தமிழ்
తెలుగు
ภาษาไทย
Türkmen
Українська
اردو
Ўзбек
Likpakpaln
Ин пахшро дар вебсайти худ ҷойгир кунед
Трейлери расмӣ
Имрӯз вазъият дар Олмон чӣ гуна аст?
  • «Дар соли 2022 Олмон сатҳи баландтарини бо кор таъмин намудани аҳолӣ аз рӯзи муттаҳид шудани он қайд намуд»
  • «Даромади тиҷорати Олмон дар соли 2022 ба сатҳи рекордӣ расид»
  • «Имконияти Олмон барои зуд ба манбаъҳои нави энергия гузаштан ба таври ғайричашмдошт баланд аст»
  • «Хазинаи давлат ба туфайли инфлятсия пур мешавад»
  • «Рушди иқтисодиёт сарфи назар аз бӯҳрон: маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,9% афзуд»
  • «13,8 миллион одамон (16,6% аҳолии Олмон камбизоатанд, 27% онҳо ҷои корӣ доранд»
  • «Синфи миёна дар Олмон босуръат коҳиш меёбад»
  • «Қатъи пурраи қувваи барқ: дар сурати хомӯш шудан ба шумо чӣ лозим аст»
  • «Изтироб, қарз, қатъи қувваи барқ. Нархи баланди барқ ба оилаҳои камбизоат сахт таъсир мерасонад»
  • «Нуқтаҳои кӯмак ба камбизоатон маҷбур мешаванд, ки ба одамон рад кунанд»
Кадоме аз инҳо ҳақиқат аст?

Сарфи назар аз он, ки иқтисодиёти Олмон ҳанӯз дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад, бисёр одамон аз шароити вазнини зиндагӣ азоб мекашанд ва хароҷоти рӯзгорро ҳарчи камтар мепартозанд. Чӣ тавр бошад, ки дар мамлакати мо дар соҳаи иҷтимоӣ вазъияти фавқулодда ба амал омадаст, сарфи назар аз асосҳои мустаҳками иқтисодиёт ва бозори меҳнат? Оё мо ояндаи бехатар дорем?

Berlin landscape
Сарлавҳаҳои оптимистӣ дар давраи бӯҳрон камбудии роҳҳои ҳалли ҷамъияти моро пинҳон мекунанд. Ба ҷои пайдо кардани роҳҳои ҳалли умумӣ тақсимоти ҷамъият торафт меафзояд.
Berlin tower landscape
Оё симои Олмон ҳамчун давлати некӯаҳволӣ дуруст аст? Кишваре, ки бо олимону мутафаккирони худ, пешрафту шукуфониаш маъруф аст, дигар талаботи асосии аҳолиро қонеъ гардонида наметавонад.
Барои фаҳмидани сабабҳои бӯҳрон ва робитаи байни онҳо сохторҳои ҷамъиятиро ҳамаҷониба дида баромадан лозим аст.
Бӯҳрони Олмон як қисми протсессҳои ҷаҳонӣ мебошад, аз ин рӯ, барои ҳалли мушкилотҳои ҳозира ва оянда роҳҳои нави самарабахш лозиманд. Дар натиҷаи омӯзиши чуқури бӯҳрони ҷаҳонӣ зарурати якҷоя амал кардан ва якҷоя батараф кардани он ба миён меояд.
БАРОИ ҲАМИН ОДАМОН ҚУВВАШОНРО МУТТАҲИД КАРДА, ҲАМАРО БА КОНФРОНС ДАЪВАТ МЕКУНАНД «БӮҲРОНИ ҶАҲОНӢ. ОЛМОН. ВАҚТИ АМАЛ КАРДАН РАСИДААСТ». КОНФРОНС МАВЗӮЪҲОИ ЗЕРИНРО ДАР БАР МЕГИРАД:
Бӯҳрони энергетикӣ
Инфлятсия ва вазъияти иқтисодии Олмон
Бӯҳрони иҷтимоӣ
Воқеияти иқлим ва пешгӯиҳо барои солҳои оянда
Ҳалли амалии рафъи бӯҳрон: гузаштан аз формати ҷамъияти истеъмолкунанда ба Ҷамъияти Созанда
ҲАМЧУН ҲАЛЛИ МАСЪАЛА КОНСЕПСИЯИ БУНЁДИ ҶАМЪИЯТИ СОЗАНДА ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД, КИ БО ХОҲИШИ АКСАРИЯТИ МАРДУМ БА ТАВРИ ҚОНУНӢ ВА ДЕМОКРАТӢ ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД.
Flag with the Creative Society project’s logo
Конфронс аз ҷониби волонтёрон бо ҷалби мутахассисон ташкил ва гузаронида мешавад.
Мазмуни он сарфи назар аз мансубияти сиёсӣ ташаккул меёбад.
Маълумот дар таҳқиқотҳои мустақил асос ёфтааст.
ҶАМЪИЯТИ СОЗАНДА
Тамос бо мо:
[email protected]
Ҳозир ҳар як шахс дар ҳақиқат бисёр корро карда метавонад!
Оянда аз интихоби шахсии ҳар як фард вобаста аст!