Logo Creative Society ҶАМЪИЯТИ
СОЗАНДА

Конфронси байналмилалии онлайн
«Ҷамъияти Созанда. Якҷоя мо метавонем»

20 декабри соли 2020 як рӯзи гардиш дар таърихи инсоният аст.
Дар ин рӯз, паёме, ки мо, мардум омодаем, ки барои бунёди ҷомеаи бехатар, инсондӯстона ва хушбахт амал кунем, дар саросари ҷаҳон бо мавҷи созанда печид!
Ҷомеае, ки мо шарм надорем ба фарзандони худ гузорем.
Ҳар яки мо мехоҳем, ки сулҳ ва некӣ барои ҳама одамон бошад ва мо омода ҳастем, ки чунин ҷаҳонро бар дӯш гирем.

Конфронси байналмилалии онлайн «Ҷамъияти Созанда. Якҷоя мо метавонем» ки бо ташаббуси иштирокчиёни Ҳаракати байналхалқии ҷамъияти «АЛЛАТРА» аз ИМА таҳия шудааст ва ҳамзамон аз ҷониби ихтиёриён аз тамоми ҷаҳон ба зиёда аз 30 забон тарҷума шудааст. Миллионҳо одамон ин рӯйдоди бошукӯҳро дидаанд ва хоҳанд дид, зеро он тавассути ҳазорон канал дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои онлайнии ҷаҳон пахш карда шуд.

Одамон бо намунаи худ қудрати бузурги муттаҳидшавӣ дар атрофи як ҳадаф — бунёди Ҷамъияти Созандаро нишон доданд.Охир танҳо бо шарофати амалиёти муттаҳид,ташкил ва гузаронидани чорабинӣ муяссар гардид,ки ҷаҳон аз ин пеш надида буд.

Алина Фёдорова
Соҳибкори соҳаи тандурустӣ (Швейтсария)

Дар инҷо ҳақиқат ба тамоми ҷаҳон садо медиҳад:мо дар ошхона пичир-пичир не,балки рӯирост гап мезанем. Мо хеле зиёдем, ки хомӯш бошем, мо маҷбур нестем, ки барои ҷамъ шудан ва сӯҳбатро оғоз кардан иҷозат пурсем.

Лесли Магнум
Иштирокчии лоиҳаи Ҷамъияти Созанда (ИМА)

Мо воқеияти ҷомеаи истеъмолкунандаро мебинем ва мефаҳмем, ки он кор намекунад, ин як сарбаста аст. Мо бояд чизеро ва ҳамаи мо инро хуб мефаҳмем ва ҳоло мо дар арафаи эҷоди чизе ҳастем, ки онро дер боз интизор будем — 6 ҳазор сол. Лоиҳаи «Ҷамъияти Созанда» — ин яке аз ғояҳои беназирест, ки ин ҷаҳон онро то ҳол дидааст.

Стив Донофрио
Маърӯзачии байналхалқӣ, тренер, мураббӣ (ИМА)

Бубинед, вақте ки касе мегӯяд: «Гӯш кун Стив, ин Ҷамъияти Созанда шумо, кӣ дар паси ҳамаи ин истодааст?» Касе намеистад. Бинед, ман дар паҳлӯи одамони тамоми ҷаҳон истодаам. Ман дар паҳлӯи ин одамон истодаам, ман ҳеҷ касро роҳнамоӣ намекунам ва ҳеҷ касро пайравӣ намекунам. Ман дар паҳлӯи бародарон ва хоҳаронам меистам. Инҳо ҳама оилаи ман — Ҷамъияти Созанда!

Дар конфронс формати ғуломии истеъмолии ҷомеа, ки дар тӯли 6 ҳазор соли охир сохта шудааст, маҳкум карда шуд. Ҷангҳо, зӯроварӣ, фасод, қудрати чанд нафар ба миллионҳо, гуруснагӣ ва камбизоатӣ — ин аст он чизе, ки мо имрӯз ба он расидаем. Дар ин бора дар ВАО ҳарф намезананд, дар ҷомеа гуфтан одат нест. Аммо то кай мо метавонем хомӯш бошем, ки дар гирду атроф чӣ мегузарад? Охир, агар бадӣ хомӯш шавад, пас он зиёд мешавад.

Оё мо инро тағир дода метавонем? Агар мо тавонистем як ҷомеаи истеъмолӣ созем, пас мо метавонем Ҷамъияти Созанда созем. Масъулият барои ҳаёти тамоми ҷомеа бар дӯши ҳар як шахс вогузор мешавад!

Дурнамои рушди башарият дар ҷамъияти Созанда яке аз мавзӯъҳои асосии конфронс буд.

Коршиносони соҳаҳои гуногуни фаъолият бо мисолҳои равшан нишон доданд, ки чӣ тавр дар Ҷамъияти Созанда ҳаёти ҳар яки мо тағйир ёфта, дар бораи марҳалаҳои сохтмони Ҷамъяти Созанда сухан ронданд.

Аҳамияти ягонагии тамоми инсоният дар атрофи ин идея ва қадамҳои воқеӣ таъкид карда шуд,ки ҳар як шахс метавонад,барои ояндаи умумии мо кунад.

Collage
Марина Овцынова
Иштирокчии лоиҳаи Ҷамъияти Созанда (ИМА)

Ҷамъияти Созанда ба ҳама ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои номаҳдудро барои худидоракунӣ фароҳам меорад. Он ҳамаи манфиатҳои моро барқарор мекунад ва ба мову фарзандонамон бехатарӣ ва бастаи пурраи иҷтимоӣ медиҳад. Сиёсат, дарвоқеъ, абзори иртибот ва муттаҳидии байналмилалӣ хоҳад шуд, ки он ба дӯстии байни халқҳо мусоидат мекунад. Қонунҳо дар Ҷамъияти Созанда риояи манфиати ҳар як инсонро кафолат медиҳанд, зеро онҳо ба 8 пояи Ҷамъияти Созанда асос меёбанд.

Паримал Мерчант
Директори барномавии глобалии FMB дар Мактаби глобалии менеджмент им. Ш. П. Джайна (Ҳиндустон)

Чӣ тавр ба шумо ҷаҳоне, ки ҳамаи одамон ғизои ройгон, саломатӣ, таҳсил ва сифати муносиби ҳаётро мегиранд? Чӣ тавр ба шумо ҷаҳоне, ки дар он инсон арзиши ассосӣ — ҳеҷ чиз аз инсон боло нест ва ҳеҷ инсон аз дигаре болотар нест? Ҳеҷ як шахс наметавонад, паст аз дигаре бошад, ин маънои қудрат, давлат, полис, артиш, дин — ин ҳама дар хидмати инсон аст ва на аз болои инсон. Ва дар айни замон, тамоми инсоният баробарҳуқуқиро эҳтиром мекунанд.

Диана Олейник
Равоншинос (Украина)

Ҷамъияти истеъмолкунандагон ҷомеае мебошад, ки тарсу ҳарос, шарти ташаккули нотавониро фаро гирифтааст, дар ҳоле ки Ҷамъияти Созанда шарти муҳаббат ва дастгирӣ, шартест, ки ҳама чиз ва ҳама кор мекунанд. Мо чиро интихоб хоҳем кард: муҳаббат ё тарс? Ҳангоми интихоби тарс инсон амал намекунад. Ҳангоми интихоби муҳаббат — муҳаббат ба худ, ба фарзандони худ, ба одамони наздик, ба атрофиён — инсон амал мекунад.

Ин конфронс ибтидои тағирот буд. Мавҷи амалҳои эҷодӣ аз одамони тамоми ҷаҳон баланд шуда истодааст ва танҳо ба мо вобаста аст, ки ҳадафи умумии мо то чӣ андоза зуд амалӣ мегардад.

Дӯстони азиз! Ҳоло мо имкони беназири сохтани Ҷамъияти Созандаро дорем. Барои ин, ҳар як одами сайёра бояд аз ин ташаббус маълумот гирад ва интихоби худро кунад. Биёед,ҳама якҷоя,дӯстон ва шиносонамонро дар бораи Ҷамъияти Созанда, бо истифода аз муоширати шахсӣ дар мулоқот, алоқаҳо дар дафтари телефон, шабакаҳои иҷтимоӣ, сайтҳо, каналҳои YouTube ва дигар роҳҳои иттилоотӣ огоҳ кунем. Ҳоло аз ҳар як шахс вобаста аст, ки чӣ қадар зуд тамоми инсоният огоҳ хоҳад шуд!

Олга Симпсон
Иштирокчии лоиҳаи Ҷамъияти Созанда (ИМА)

Ба шарофати иштирокчиёни фаъоли лоиҳа, одамон дар ниҳоят интихоб мекунанд, ки онҳо дар кадом ҷомеа зиндагӣ кардан мехоҳанд — истеъмолкунанда ё созанда? Зеро, вақте ки шумо намедонед, ки Ҷамъияти Созанда чист, пас шумо имконияти  интихобро надоред? Ва ҷолибтаринаш он аст, ки бисёре аз мардум гуфтанд, ки дар бораи чунин ҷомеа тамоми умр орзу мекарданд ва онҳо омодаанд амал кунанд.

Джейсон Белл
Иштирокчии лоиҳаи Ҷамъияти Созанда (ИМА)

Аммо агар мо якҷоя кор кунем, мо метавонем дар муддати кӯтоҳ Ҷомеаи Созанда созем. Ин дароз нахоҳад шуд. Имрӯз дар ин ҷо шумораи зиёди одамон ҷамъ омадаанд!

Екатерина Черкасова
Иштирокчии лоиҳаи Ҷамъияти Созанда (ИМА)

Пас, биёед бигӯем, ки як нафар панҷ нафарро огоҳ мекунад, ва ин панҷ нафар, панҷ нафари дигарро огоҳ мекунанд ва бо ҳамин тарз мо мегирем 25.Ва баъд мо як саду бисту панҷро мегирем. Бо истифодаи қоидаҳои пешрафти геометрӣ, мо шумораи рӯзҳоро ҳисоб кардем ва он ба зиёда аз 14 рӯз табдил ёфт! Тасаввур кунед, ки 14 рӯз барои огоҳ кардани тамоми инсоният кифоя аст ва ҳама дар бораи Ҷамъияти Созанда хоҳанд донист!

Паримал Мерчант
Директори барномавии глобалии FMB дар Мактаби глобалии менеджмент им. Ш. П. Джайна (Ҳиндустон)

Ман дафтарчаи телефониамро кушодам ва ҳайрон мондам, ки дар дафтарчаи телефонии ман зиёда аз 800 нафар одамон ҳастанд. Ман ба фиристодани паём оғоз кардам. Паёми як хатӣ: «Ҳаёти инсон- аз ҳама арзиштар! Агар розӣ бошед, метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.» Ва тамом. Ҳафтаи дуюм ман паёми дигар фиристодам. «Бехатарии инсон барои ҳама. Агар ба шумо маъқул бошад, агар шумо розӣ бошед, мо минбаъд сӯҳбат карда метавонем.» Ҳамин тавр. Ҳашт ҳафта ман пай дар пай тамоми пешниҳодҳои Ҷамъияти Созандаро оид ба бунёди ҷаҳони башардӯстона мефиристодам. Бисёре аз онҳо ҷавоб доданд, аксарашон дар оянда ҷавоб хоҳанд дод. Аммо ман хеле шодам, ки воқеан дар бунёди ҷаҳони беҳтар саҳм мегузорам. Биёед кӯшишҳои худро дар офариниши Замини инсондӯстона ва Ҷамъияти Созанда гузорем! Сипос!

Дар конфронс мардум аз тамоми ҷаҳон изҳори азми худро барои якҷоя сохтани як Ҷамъияти Созанда аз системаи тафаккури истеъмолгарон озод шудан. Ҳар як шахс метавонад ба ин лоиҳа ҳамроҳ шуда, бо зеркунии тугмаи «Ҳамроҳ» ва пур кардани варақа, инчунин паҳн кардани маълумот дар бораи Ҷамъияти Созанда ширкат варзад.